Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»-2018, ҷамъбаст гардид.

  Санаи 9-июл дар толори конфронсии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин даври вилоятии  Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»-2018, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо иштирок ва доварии намояндагони вазорати фарҳанг ва  беҳтарин хонандагони китобхонаҳои вилоят ҷамъбаст гардид.  

 Бояд қайд намуд, ки даври аввали озмун давоми моҳҳои май-июн дар китобхонаҳои ҷамоат, шаҳрак ва ноҳия баргузор гардид, ки беҳтарин хонандагон ба даври вилояти пешниҳод карда шудаанд.

  Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»-2018, ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми ва таҷлили Рӯзи китоб доир карда шуд.

  Ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ҷалби бештари наврасон ба мутолиаи китоб, майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас ба арзишҳои миллию умумбашарӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнат дӯсти, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб дар миёни онҳо ва дар умум тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

 Ҷамъбасти Озмун тибқи низомномае, ки  аз ҷониби ҳайати эҷодии озмун (дар марказ ва шаҳру ноҳияҳо) таҳия ва тасдиқ гардидаанд, сурат мегирад. Дар Озмун Шоҳҷоиза, ҷойи аввал, ҷойи дуюм ва ҷойи саввум муқаррар карда шудааст. 

 Аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли Озмун, китобдорон, адибону олимон, навқаламон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида бо ҷоизаҳо, мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ «Хонандаи беҳтарин», «Оилаи китобдӯст»  ва «Китобхонаи беҳтарин» дар соли 2018 супорида мешаванд.

 Теъдоди муайяни ғолибони озмун тибқи пешниҳоди кумитаҳои тадорукот бо Ифтихорнома, нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Диплом» - и озмун сарфароз гардонида мешаванд.

  Даври ҷамъбастии озмун бо иштироки 20-нафар хонандагони беҳтарин аз ҳар минтақаи ҷумҳури 4-нафари санаҳои 2-4 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.