«МОҲИР» - ПЕШСАФИ ЛИГАИ ДУЮМ

Дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон баъд аз анҷоми даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон бо 27 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Тавре аз Федератсияи футболи Хатлон хабар доданд, дастаи «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён, ки 23 имтиёз аз 10 бозӣ дорад, дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дуюм баромад. Тимҳои «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ҳарду 16-имтиёзӣ доранд, дар ҷойҳои сеюм ва чаҳоруми чемпионати имсола қарор гирифтаанд. «Барқ»-и шаҳри Норак бо 11 имтиёз 10-ум, «Сарбанд»-и шаҳри Левакант бо 6 имтиёз 11-ум ва «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод, ки ҳамагӣ 1 имтиёз дорад, мисли пешин дар мақоми 12-уми ҷадвал аст. Мавриди зикр аст, ки рӯзи 19 августи соли ҷорӣ дастаҳои «Моҳир» - «Арал», «Вахши Зарнисор» - «Кӯшон» ва «Пахтакор» - «Ҳосилот», рӯзи 20 август тимҳои «Барқ» - «Шоҳин» ва «Сарбанд» - «Сарҳадчӣ» ва рӯзи 21 август тими «Хуросон» бо «Чашма» миёни ҳам неру месанҷанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.