2000 СОМОНӢ – МУКОФОТ БА ОМӮЗГОРИ КИТОБХОН

Ба барандаи шоҳҷоизаи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар ноҳияи Ёвон омӯзгор Фарзона Темурова 2000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Тавре ки аз дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур доир шуд. Раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода зимни табрики ғолибон даъват кард, ки онҳо ҳамсолон ва ёру рафиқони худро ба китобдӯстию китобхонӣ ташвиқ намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бо мукофотҳо сарфароз намудани беҳтарин китобхонҳо 10 ҳазор сомонӣ ихтисос дода, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳо қадрдонӣ кард.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.