АЗМИ БУНЁДИ 510 ИНШООТИ ТАЪЛИМИИ ҶАШНӢ ДАР ВИЛОЯТ

То соли 2021 дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмони 510 иншооти ҷашнии марбут ба соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, аз ин шумора 156 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 63 адад муассисаҳои таълимии томактабӣ, 169 бинои иловагии муассисаҳо ва 122 синфхонаи иловагӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки аз ҳама бештар дар ноҳияи Вахш сохтмони муассисаҳои таълимӣ - 50 адад иншоот - ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2021 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.