Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон се ҳодисаи муҳими соли 2018- ро эълон намуданд

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 декабр зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат се ҳодисаи солро эълон намуданд.

   Аввалин ва муҳимтарини он, ба гуфтаи Роҳбари давлат, ин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад, ки 22 март  расман оғоз гардид. Даҳсолаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ бо 177 мамлакати узви СММ пешниҳод гардида, 21 декабри соли 2016 дар ҷаласаи пленарии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ якдилона қабул гардид.

   Ҳодисаи дуюм ва тақдирсоз барои ҳамаи тоҷикистониён – ин ба истифода додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки ба 16 ноябр рост омад. Мардуми тоҷик ин ҳодисаро се даҳсола боз бо умедворӣ интизор буданд ва онро бо итминон метавон таърихӣ номид.

   Сеюмин ҳодиса – рафтуомади мутақобила ва сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки дар ҷараёни он созишномаҳои муҳим ва таърихӣ дар самти рушди ҳамкории стратегии минбаъда ба имзо расиданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.