КӮДАК. ЧАНД МАСЛИҲАТИ МУФИД

  Ташаккули насли наврас бо тафаккури миллӣ ва андешаҳои созанда кори саҳлу осон нест. Руҷӯъ мекунем ба масъалаи ташаккули кӯдакон, хоса кӯдаконе, ки акнун ба муассисаи таълимӣ қадам ниҳодаанду аз ин даргоҳи муқаддас умедвориҳои бисёр доранд.

   Илми инсоншиносӣ, аз ҷумла педагогика, муайяну мушаххас кардааст, ки ҳар кӯдак аломатҳои қобилиятии таълими муваффақона дорад, вале аз муҳиту шароити бегона вобаста аст, ки онҳо ба қобилият табдил меёбанд ё не. Мактаб бояд барои инкишофи қобилиятҳои талабагон шароити мусоид фароҳам созад. Барои ин бошад, донистани хусусиятҳои равонии (психологии) шогирдон, баҳри комёбии омӯзгор, бештар аз ҳама ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ зарур аст.
   Кори омӯзгор дар он ҳолат манфиатовар хоҳад буд, ки ба кӯдак на азёд кардану донистан, балки, пеш аз ҳама, бо истифодаи донишҳо амал кардан омӯзонда шавад.
  Ростӣ, аксари шогирдони хурдсоли мо ба ҷараёни таълим ноогоҳона ва бетайёрӣ ворид мешаванд. Мо таълим медиҳем, аммо моҳияти таълимро намефаҳмонем. Агар дарсҳоро пурра омӯзаду баҳои хубу аъло гирад, дар оянда ӯро чӣ интизор аст, хондан барои ӯ чӣ лозим аст, чаро ӯро ба мактаб оварданд? Ин саволҳоест, ки бояд кӯдаки мактабрав дар зеҳнаш ҷавоби ба синну солаш мувофиқро дошта бошад.
   Як масъалаи муҳими дигар мутаносибан якрангу якмаром будани муҳити хонавода бо мактаб аст. Вақте дар мактаб аз адабу ахлоқ, донишу малака, амалу иҷро ҳарф мезананду дар хонавода ба ин масъалаҳо касе кор надорад, хонандаи хурдсол (тифлони мо) дар байни дуроҳа мемонанд. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки чаро ин ду муҳит то ба ин ҳад фарқ мекунад, дар оила дигар ҳолу ҳавову дар мактаб дигар.
  Яке аз педагогҳои маъруфи дунё Песталотсси дар ин масъала андешаҳои созанда дорад. Ӯ донишҳоеро эътироф намекард, ки онҳоро шогирд дар амал истифода намебурд. Песталотсси вазифаи асосии маорифро дар омодасозии шогирдон барои ҳаёти мукаммал, ки на он қадар ба фаъолияти касбӣ вобастагӣ дорад, медонист.
   Ба ақидаи педагог Мария Монтессори, инкишофи шуури кӯдак бештар ба равандҳои табиӣ-биологӣ вобаста аст, ки ҳама гуна дахолат ба онҳо ин инкишофро бозмедорад. Ин чунин маъно дорад, ки зимни таълим ба манфиатҳои шахсии шогирд, онҳоро инкор накарда, балки ба ҳадафҳои таълим мутаносибан пурра намуда, такя бояд кард.
Мазмунан, ӯ ин равандро чунин радабандӣ мекунад:
1) ин ҳадафҳо ба манфиатҳои ӯ мухолиф набошанд;
2) онҳоро ба таври ғайрииҷборӣ васеъ кунанд.
  Ҳама гуна каҷравӣ дар ин самт минбаъд дар меъёри тафаккур ва рафтори кӯдак нуқсон меорад, ки онҳоро баъдан рафъ кардан зарур аст. Ва, албатта, ба истилоҳ, ин «бамеъёрдарорӣ» вақту ранҷи зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин, предмети пажӯҳиш дар педагогика ҳамчун илм бояд фаъолияти табиии озодонаи кӯдак бошад. Дар ҷараёни озодӣ ба таври табииву тавозунӣ ҷанбаъҳои фаъолиятӣ, аломатӣ - зеҳнӣ ва шахсиятии инсонандозагӣ омезиш ёфтаанд, ки суди зиёд доранд.

Дилафрӯз МУҲИТДИНОВА,
омӯзгор

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.