ТЕМУРМАЛИК. ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ БУНЁДКОРӢ

  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои ободонӣ беш аз пеш тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ноҳияи Темурмалик бунёду навсозӣ ва таъмири 248 иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ – корхонаҳои саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, варзишгоҳу майдончаҳои варзиш, бунгоҳу марказҳои тиббӣ, биноҳои маъмурию хизматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
  Тавре раиси ноҳия Эмомиддин Аслзода иброз намуд, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудаааст.
- Соли ҷорӣ дар доираи созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати ин санаи муборак, маркази хизматрасонӣ, 21 синфхона ва 8 ҳуҷра, дукони маҳсулоти ҳунармандӣ, маркази савдо ва корхонаи ордбарорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, клубу китобхонаи деҳаи Ҷайралӣ ва кинотеатри марказии ноҳия таъмир шуданд. Ғайр аз ин, сохтмону навсозии 28 иншоот оғоз ёфта, рӯзҳои наз-дик эъмори боз 62-тои дигар сар мешавад,- иброз дошт Эмомиддин Аслзода.
  Бо мақсади беҳтар сохтани шароити таълим аз ҷониби роҳбарияти ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳоло аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тармиму таҷдид ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ идома доранд. То имрӯз бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 ба истифода дода шуда, тармими МТМУ № 34 ба итмом расид ва таъмири ҷории муассисаи таълимии № 30 дар арафаи анҷомёбист. Дар деҳаи Сафарбоён ба маблағи 681 ҳазор сомонӣ бинои МТМУ № 34 таъмири асосӣ гардида, 5 синфхонаи МТМУ № 4-и деҳаи Қазоқ ва болопӯши бинои он бо харҷи беш аз 50 ҳазор сомонӣ навсозӣ гашт.
  Ба истиқболи ин ҷашни фархунда таҷдиди иншооти муассисаҳои тандурустӣ низ ҷараён дорад. Бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар деҳоти Саидмуъмин Раҳимов беморхонаи ноҳиявии №2 бо харҷи беш аз 45 ҳазор сомонӣ тармим гардида, дар деҳаи Кангурт ба маблағи 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохтмони коллеҷи тиббӣ барои 350 нафар ба охир расид. Ҳоло бошад, дар деҳаҳои Лолазор ва Давлатшоён эъмори бунгоҳҳои тиббӣ оғоз ёфтааст.
  Бояд гуфт, ки дар ноҳия баҳри беҳтар намудани ҳолати роҳу пулҳо низ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Бо ин мақсад, 8 километр роҳи мошингарди деҳаи Кӯҳдоман таъмир гашта, сохтмони пули он идома дорад. Айни ҳол сангфаршсозӣ ва асфалтпӯшии наздики 22 километр роҳи байни деҳоти Саидмуъмин Раҳимов ва деҳаи Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара ҷараён дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, роҳҳои байни деҳаҳои Ҳалқаёр, Чилча, Баҳористон ва Совет - Муродбахш аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Ғайр аз ин, барқарорсозии пул ва роҳи деҳаи Булакдашт, таҷдиду сангфаршсозии роҳҳои деҳаҳои Н. Болтаев, Ҳасанбегӣ, Бурдангал, Ойшабулоқ ва Рӯҳафзо босуръат идома дошта, дар се соли оянда эъмори роҳҳои нав ва тармими роҳу пулҳои мавҷуда ба нақша гирифта шудааст.
   Кобили зикр аст, ки айни замон дар гӯшаву канори гуногуни ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони коргоҳу марказҳои хизматрасонӣ идома дошта, аллакай, қисме аз онҳо дар хизмати сокинон қарор доранд. Аз ҷумла, бо харҷи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ дар деҳоти Кангурт маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ қомат афрохт. Ҳамзамон, бунёди меҳмонхона, тарабхона, маркази хизматрасонии чорошёна ва бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ дар арафаи анҷомёбист.
- Дар ноҳия, ҳамчунин, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, эъмори сутунпояҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, гулгашту хиёбонҳо, меҳмонхона, сардхона, корхонаҳои коркарди ширу мева ва ғайра, инчунин, таҷдиду навсозии як қатор иншоот босуръат ҷараён доранд,- афзуд раиси ноҳия.
Ҳамин тариқ, масъулину сокинони ноҳияи Темурмалик азм доранд, ки баҳри бо дастовардҳои намоён истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин гӯшаи диёри азизро боз ҳам ободтару зеботар намоянд.
Бахтовар КАРИМ, Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.