ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 35 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ДАР ЯК СОЛ

  Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи 16 – уми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои соли ҷорӣ ва вазифагузориҳо барои соли оянда баргузор шуд.  Раиси маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода оид ба натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2018 маърӯза кард.

   Тавре раиси вилоят гуфт, дар ин давра дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба 106,7 дарсад баробар гардид. Қисми даромади буҷет 102,8 дарсад таъмин шуда, афзоиш насбат ба ҳамин давраи соли гузашта 260 миллион сомониро ташкил дод. Бақияпулии андоз 11,5 миллион сомонӣ кам шуд. 
  Аз якуми сентябр вобаста ба зиёд гардидани музди меҳнат 432 миллион сомонӣ барои маош ва 14,3 миллион  сомонӣ барои пардохти нафақа аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо гардид. Дар ин давра 74 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ба вилоят ворид гашт ва аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондод 10,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. 
   Намоиш ва фурӯши маҳсулоти вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ва  чор вилояти Афғонистон баргузор шуда,  дар ин замина, 28 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар форуми соҳибкорони Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд соҳибкорони вилоят ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ вилояти Хатлон бо 36 минтақаи гуногуни хориҷи кишвар ҳамкориҳои самарабахш ба роҳ монда, дар содироти нахи пахта, намак, семент ва дигар маҳсулот муваффақ гардид. 
Дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 27 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки истеҳсоли маҳсулоти онҳо ба 50,9 миллион сомонӣ баробар мебошад. Ин нишондод дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба 135 ҳазор сомонӣ расид. Ҷудо гардидани қарзҳои имтиёзнок беҳтар гардида, 35 ҳазор ҷойи нави корӣ  таъсис ёфт ва бо баргузории 287 ярмарка 2 ҳазору 758 нафар бо ҷойи кор таъмин гашт.
   Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 11,7 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҷуз дурнамои ғалладонагиҳо ва пахта, истеҳсоли меваю сабзавот, шолӣ, сабзӣ, картошка зиёд гардид. Дар майдони 983 гектар боғу токзорҳои нав бунёд ёфт ва майдони боғҳои интенсивӣ ба 221 гектар расид. Майдони гармхонаҳо 449 гектарро ташкил медиҳад. Натиҷаи ҳамин аст, ки соли равон ба хориҷа 96 ҳазор тонна маҳсулот содир гардид, ки ин 153  дарсади дурнаморо таъмин мекунад. Дар содироти маҳсулот кишоварзони ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз ва шаҳри Левакант натиҷаҳои назаррасро ноил шуданд. Ҳамчунин, дар сардхонаҳо 1 ҳазору 350 тонна маҳсулот захира гардида, дар ярмаркаҳо 1 ҳазору 100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш рафт. Тибқи маълумоти оморӣ, кишоварзони вилоят 188 ҳазор тонна пахта истеҳсол карданд. Шаҳрҳои Бохтару Левакант, ноҳияҳои Данғараю Кӯшониён илова ба дурнамо пахта фурӯхтанд. Тавассути корхонаи ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ба вилоят 1 ҳазору 140 техника ворид шуд. 
  Имсол 3 ҳазору 343 гектар замин ба гардиши  кишоварзӣ оварда шуда, ҳолати мелиоративии киштзорҳо беҳтар шуд. Ба маблағи 30,2 миллион сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт гардида, бақияи қарзи хизмати обрасонӣ 74 миллион сомонӣ боқӣ монд.
   Саноат низ дар ҳоли рушд қарор дошта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 838 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 90 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, 69 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ бунёд ёфт.
  Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 232 корхонаи саноатӣ сохта мешавад. 
   Кашидани хатҳои нави барқӣ, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ беҳтар гардида, талафот камтар шудааст. Таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо бо ҷалби аҳолӣ, соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ бомаром идома дорад. Ба бахши сохт-мон 2,2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ сурат гирифта, давоми се соли оянда дар вилоят бунёди 6 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуд. Аллакай 1 ҳазору 163 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба маблағи 53 миллион сомонӣ корҳои манзилию коммуналӣ анҷом ёфтанд.
  Дар соҳаи маориф 8 муассисаи нави таълимӣ ва 194 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Тавассути иштирок дар озмунҳо хонандагон 36 медали тилло оварда, аз тариқи Маркази миллии тестӣ 849 хатмкунанда донишҷӯ гардид. Ба 2 ҳазору 27 омӯзгори ҷавон қитъаи  замин ва ба як қисм омӯзгорон қарзҳои имтиёзноки бонкӣ дода шуданд.
  Теъдоди муассисаҳои тиббӣ 28 адад зиёд гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ хубтар гашт ва дар ноҳияи Данғара бинои нави коллеҷи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 131 муассисаи тиббӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.