Муҳаммадиқболи Садруддин - шогирди хонақоҳҳои афғонӣ (Инҳоро бояд шинохт)

Мо силсиламақолаҳоро дар бораи душманони ғоявии миллати тоҷик, ки мавқеъгирии тахрибкорашон дар хориҷи кишвар, обрӯю эътибори давлатро коста мегардонад, оғоз мекунем.  Ин мақолаҳо ҷанбаи амалӣ доранд ва ҳадаф аз нашри ин гуна матолиб, ифшосозии ҳаракатҳои хатарноки зиддимиллии ашхосе мебошад, ки дар зери шиорҳои ҷалбкунанда, вале зиёновар мардумро ба бероҳа мебаранд. 

Қаҳрамони манфии мақолаи навбатӣ, Муҳаммадиқболи Садруддин мебошад. Сараввал, бояд гуфта шавад, ки ин фарди бевичдон, номи пуррааш ин тавр аст:  Садурдинов Муњаммадиќбол  Ќаландарович. Номро ба шакли миллӣ овардааст,  ба орзуе, ки дар чашми мардум исми аслии худро рӯпӯш кунад. Гул бизанад, фиреб кунад.   

Писари яке аз таъсисдиҳандагони ҳизби террористӣ дар вилояти Хатлон. Дар куштори мардуми вилоят даст дорад. Аз ин лиҳоз, на бо ғаразҳои сиёсӣ, балки бо сабабҳои ҷиноятӣ зодгоҳашро тарк кардаааст. Хешутабори қурбониёни соли 1992-1997  аз чиноятҳои ин авлод хуб медонанд ва дар хуни онҳо ташнаанд.

Қисмати тарҷумаҳолии ин аслбохта ҷолиб аст. Баъд аз фирор ба Афғонистон, дар яке аз мадрасаҳои шаҳри Толуқон дар назди муллои деҳотӣ сабақ меомӯзад. Ин мулло, ки шавки хоса ба «бача»-ҳо доштааст, Муҳаммадиқболро таги чашм менамояд ва таҳти назари «муллогӣ-муридӣ» қарор медиҳад. Гурезагон аз рағбати носолими мулло хабар ёфта, Муҳаммадиқболро наҷот медиҳанд. Ӯ  эмин мемонад. Вале фарзияҳо дар бораи дастдарозии мулло нисбат ба Садруддин мутафовитанд. Гузаштаро бод намедиҳем, ба гузашта салавот. Шавқи зиёд ба муллову муллогарӣ, пойи Садруддинро дар соли 1997 ба факултети улуми шариати донишгоҳи Балх мекашад. Дар ин ҷо ҳам аз дасти муллоҳо эмин намемонад. Тану тӯшаи сафеди ин муриди ташнаи ваҷдро дида, ҳалқаҳои тасаввуф ӯро ба тарбия мегиранд.  Яке аз соликони равияи зикрияи рақсӣ М.Садруддин ҳисобида мешавад. Дар Боғи Ширкати Самангон камари ӯро аҳли тасаввуф баста, ба доираи назари «қаландарҳо»-и  чакарӣ  (яъне оворагард) шомил мекунанд. Сайру гашти вофир, гуруснанишиниҳои таассубомез, ба саломатии Садруддин таъсир мерасонад, ки ӯ табу тавони худро гум карда, муҳлати дароз ҷунунӣ мешавад. Ҳоло ҳам асари  ин девонавзо будан ва ба ҳарфи ҳақ гӯш надодан, дар рафтори ин фард ба мушоҳида гирифта мешавад.

Соли 2011 майлу рағбати муллогӣ дар ниҳоди Садруддин пойин меояд ва шавқи пулҷамъкунӣ боло меравад, дохил мешавад ба донишгоҳи андози ш.Душанбе. Боз каҷравиҳои кудакиаш боло мегираду  ба ташкилоти «Васотат» мепайвандад ва  равияи салафиро тарғиб мекунад…

Давом дорад.

 

Киромов Давлат, таҳлилгар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.