ОЗМУНИ «БОБОИ БАРФИ ВА БАРФАКИ БЕҲТАРИН» ДАР БОХТАР

  Бахшида ба соли нави мелодии 2019 озмуни «Бобои барфӣ ва барфаки беҳтарин» миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳри Бохтар ташкил гардид. Дар озмун омӯзгорони ҷавон ва хонандагони ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр имкони иштирокро доранд. Озмун бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва шуъбаи маориф мебошад.

  Озмуни «Бобои барфӣ ва барфаки беҳтарин» дар муассисаи томактабии №23 бо иштироки мудири маориф, кормандони бахши фарҳанг, кормандони театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон доир шуд. Барои иштирок дар озмун омӯзгорон ва хонандагон бо ба бар кардани либосҳои бобои барфӣ ва барфак дар даст халтаҳои пур аз тӯҳфа ҳозир шуда буданд.

  Мудири маориф Забирзода баромад карда, ҳамагонро бо наздик омадани соли нав шодбош гуфт. Изҳор дошт, ки мақсади асосии баргузории озмун дар сатҳи баланд ва диққатҷалбкунанда гузаронидани чорабинии «Соли нави мелодӣ - 2019», дарёфт ва тарбия намудани истеъдодҳои нав аз байни омӯзгорони ҷавон, хонандагон ва мураббиёни муассисаҳои таълимию томактабӣ мебошад. Мувофиқ ба низомномаи озмун аз ҳар як муассиса 1 нафари бобои барфӣ ва барфак имкони иштирокро доранд. Дар асоси шартҳо сару либоси иштирокчиёни озмун бояд ба талабот ҷавобгӯ бошад. Барои гузаронидан ва баҳогузории иштирокчиён ҳайати ҳакамон иборат аз мутахассисони баландихтисос даъват гардида буданд.

  Иштирокчиёни озмуни «Бобои барфӣ ва барфаки беҳтарин» як-як дар шартҳои озмун мувофиқи тартибу интизом ҳанарнамои карданд. Ин ҷо аслан ба сару либоси беҳтарин, сухандони беҳтарин дар нақши «Бобои барфӣ ва барфак», қаду басти иштирокчиёни озмун, ҳунари ҳаҷвнигорӣ ва зарофатгӯӣ, бармад карда тавонистан, фаъолӣ нишон додан дар саволу ҷавоб диққати махсус дода мешуд.

  Ҳар як иштирокчии озмун кӯшиш менамуд, ки бо истифодаи донишу маҳорат, малака, ҷаҳонбинӣ ва зиракӣ дар шартҳои озмун мувофиқи талабот ҳунарнамоӣ карда, ҷойи намоёнро ишғол кунанд. Аз тарафи ҳайати ҳакамон ба ҳар як ҳаракат, сухан ва маҳорати нақшофариҳои он диққат дода мешуд.

   Дар озмун намояндагони расонаҳои хабарӣ низ иштирок карда, аз рафти он маводҳои телевизионӣ омода мекарданд. Айни ҳол озмуни номбурда идома дорад. Ғолибони озмуни «Бобои барфӣ ва барфакаи беҳтарин» муайян гардида, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар пешкаш мегардад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.