Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми Иди арча

  Бо фарорасии Соли Нави мелодӣ рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Тибқи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар маросими Иди арча фаъолияти хешро боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооту муассисаҳо ва ҷойҳои оммаҷамъшавӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

  Барои он, ки дар чунин рӯзҳои хурсанди ҳодисаҳои нохуш рух надиҳанд, бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.
  Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали патдор (адёл) нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.
  Арчаро дар мобайни толор дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинондан лозим аст. Арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан, бо шамъ чароғон кардан манъ аст.
Атрофи поя ва шохчаҳои арчаро бо пахтаи ба моеи зиддисӯхтор коркарднашуда печонидан, ба он бозичаҳои пахтагин овехтан ва намаки бертолетӣ пошидан манъ аст. Кори чароғонкунии арчаро ба воситаи трансформатори шиддатпасткунанда, ки шиддаташ аз 24 волт зиёд нест, чароғон кардан лозим аст. Дар сурати истифода бурдани қувваи барқи шиддаташ 220 волт бояд танҳо аз шилшилаҳои фабрикӣ истифода бурд, зеро шилшилаҳои худсохт аксар вақт сабабгори сар задани сӯхтор мегарданд.
  Шахси ба бехатарии зиддисӯхтор масъул бояд нақша ва қоидаҳои аз ҳудуди бино муташаккилона баромадани иштироккунандагонро тартиб дода, онро ҳатман бо Хадамоти оташнишонӣ мувофиқа намояд ва иҷозатномаи махсус гирад. Дар вақти гузаронидани Иди арча бояд тамоми дарҳои баромад кушода бошанд ва дар назди ҳар яки онҳо навбатчиҳо истанд.
  Дар дохили бино бошад, шамъҳои бинголӣ, магний гирондан, мушак ва дигар маводҳои пиротехникии тарканда истифода бурдан қатъиян манъ аст. Пӯшидани либосҳои пахтагӣ, қоғазӣ, докагӣ ва аз дигар матоъҳои зуддаргиранда тайёркардашуда дар Иди арча дуруст нест.
  Ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» (аз телефонҳои мобилӣ «101»), ба хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст.
  Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД тамоми кормандони соҳаи оташнишонӣ, устодону шогирдони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеаи ҷумҳуриро бо фарорасии Соли Нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо хонаи ободу осудагии рӯзгорро таманно дорад.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.