Форуми 3-юми занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилояти Хатлон

  Соли 3-юм аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати вилоят ва Раёсати Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон «Форуми занони хифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят» баргузор мегардад.

  «Мақсад аз баргузории Форум татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва ҷалби духтарон ба кор дар мақомоти қудратӣ» мебошад.
  Дар Форум, ки рӯзи 18-уми декабри соли 2018 дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар баргузор гардид, дар он муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Зиёзода Сулаймон, муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.
  Муовини якуми Раиси вилоят Зиёзода Сулаймон дар суханронии худ дарҷ кард, ки боиси сарфарозист, ки занони ин соҳаҳо мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор доранд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.
  Вақте сухан дар бораи милитсия меравад, дар баробари мардон симои занони шуҷоъи Ватан низ ҷилвагар мешаванд. Зеро имрӯз фаъолияти Вазорати корҳои дохилиро бе занон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Бузурге фармудааст:
Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд.
Маҳз ҳамон заноне дар чомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд.

  Боиси ифтихор аст, ки имрӯз занон дар як саф бо мардон дар мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият намуда, дар баробари ба ҷой овардани рисолати модарӣ, инчунин дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон саҳми назаррас мегузоранд
- Онҳо шоистаи аҳсант мебошанд, чун дар баробари анҷом додани рисолати модарӣ, ҳамсарӣ, кадбонуӣ, инчунин дар кушодани ҷиноятҳо, боздошти муттаҳамон, ҳалли ҳама гуна низоъҳо ва таъмини субот дар ҷомеа саҳми боарзиш доранд…
  Ин аст, ки онҳо дар ҷомеа соҳибиззату обрӯманданд. Ин аст, ки раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҳамеша қадр мекунад.
  Онҳо зиннатбахши хонадони худ ва таскинбахши дилҳои мардуманд ва бо як ҳисси эҳтирому рӯҳбаландӣ онҳоро Гурдофаридҳои замон меноманд.
  Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят ба музокира баромада, дар мавзӯъҳои нақши занон дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ баромадҳо намуданд.

  Дар рафти форум ба фаъолзанони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят «Сипоснома»-и Раиси вилояти Хатлон супорида шуд.
  Дар хотима ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо барномаи ҳунарии ҷолиб хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

444.jpg446_0.jpgDSC_0204.JPGDSC_0209.JPGDSC_0198.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.