Оппозитсия-шутурговпаланги миллат (Ҷавоб ба сомонаи дурӯғпоши Муҳаммадиқболи Садриддин -«ислоҳ.нет» )

Дар сомонаи балегӯйи ҳалқаҳои ифротии «isloh.net», маводи мамлу аз ғайбат ва таҳқир бо номи «Ҳукумат - аждаҳои миллат» ба чоп расид. Дар саргаҳи ин дарёи ғайбат шахси инфъиолӣ, фирорӣ, даҳшатафкан, пуррӯ, орӣ аз нангу номус ва сустак Муҳаммадиқболи Садриддин меистад, ки аз ҳисоби сармояи ҳангуфти душманони миллат қути лоямут ёфта, ба ҳаромхӯрӣ машғул аст. Зи нопокон мадоред умед,  Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед, басо ҳадафманд гуфтааст. Ин гуфта ба М.Садриддин рост меояд. Писаир аршади яке аз аъзои ТТЭ ҲНИ умри бешуури худро сарфи миллаткушӣ ва маҳалгароӣ кард.М.Садриддин, душмани шуурии ин миллат аст. Чанд далле аст, ки М.Садриддинро аз шерозаи ин миллат дур нигоҳ медорад:

 

  1. Мансубият ба доираҳои тундгаро, ифротӣ ва зиддимилӣ дар хориҷи кишвар.
  2. Шарикӣ дар нақшаҳои зиддитоҷикӣ дар қаламрави кишварҳои сеюм. Агар дар солҳои 90-ум ин гуна кишвар Афғонистон буд, ҳоло бинобар тамоюли пулдӯстии ин авлод, кишварҳои атрофи Халиҷи Форс мебошанд.        
  3. Мафтуншавии Муҳаммадиқболи Садриддин ва атрофиёнаш аз мафкураи ихвонӣ, яъне ҳамон мафкурае, ки ДОИШ ва «ал-Қоида»-ро ба вуҷуд овард ва Сурияву Ироқро ба хок яксон кард.
  4.  Мансубияти Муҳаммадиқболи Садриддин ба ин хоку бум боз аз он лиҳоз, машкук ва хатарофар аст, ки ӯ чун абзори дасти хоҷагони хориҷӣ, нашри маводи ғаразноки зиддимиллиро ба забони хориҷӣ ба роҳ мондааст ва чун пойгоҳи зиддииттилоотии рақибони минтақавӣ ба муқобили дастовардҳои ҷумҳурӣ мубориза мебарад.     
  5. Зикри ашхоси баландрутба ва баобрӯ дар ғайбатномаҳояш, ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад ва шахси оянданигар чунин бояд намекард. Бо ду дасти адаб, Муҳаммадиқболи Садриддин, худро ба вартаи ҳалокат мебарад, ҳам марги тадриҷӣ ва марги эътиқодӣ.
  6. Кӯдаки ҳушёр пистони ду моморо мемакад. Муҳаммадиқболи Садриддин ин ҳолатро амалӣ мекунад. Вале ӯ фаромӯш кардааст, «Панири ройгон танҳо дар мушқаппак аст», ба ҳар ҳарфу сухан ҷавоб бояд дод.    

 

    Чи тавре ки таҳқиқгар Комилов Ф. дар мақолаи  «Муҳаммадиқболи Садриддин – балвогари ашаддӣ ва забони гӯёи ҷинояткорон» аст, менигорад: «Ягона фарде ки аз сар задани ҳар нуқсу айб дар Точикистон табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ мекунад, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст». Таҳлили фаъолияти се соли охири ин оппозитсионери бахтбаргашта ва ачдодаш дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.  

Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, дар асл чокар ва навкари хадамоти амниятии яке аз кишварҳои сеюм мебошад ва зимни ироаи гузоришҳо росту дурӯғро ҷамъ оварда, сари ашхоси баобрӯ мерезад. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳушдори №1 ба ту. Ёвасароӣ ҳад дорад.  Умри ҳарфҳои ботилат кӯтоҳ аст. Ба мисли умри козибат.            

 

Ба орзуи муолиҷаи дарди бедаъвои ғайбатсарой  Муҳаммадиқболи Садриддин.

 

Каримов  Ф. сокини ш.Бохтар, муаллим

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.