Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят бар асоси талаботҳои муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” амал менамояд.

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад.

Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.

Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдори моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси вакилони халқи вилоятро интихобкунандагони воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунанд.

 

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар асоси меъёрҳои муайянкардашуда, иборат аз 69 вакил буда, шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят иҷлосия буда, дар он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд.

Ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда ба он раисикунанда имзо мегузорад.

Дар як сол чор маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз тарафи раиси вилоят (раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон) даъват карда мешавад.

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳангоми зарурат иҷлосияҳои ғайринавбатӣ баргузор мегардад, ки дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидааст.

 

КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Маҷлиси вакилони халқ барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис медиҳад.

Дар назди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 6 Комиссияҳои доимӣ мавҷуд буда, фаъолияти онҳоро низомномае, ки Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.

I. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Раҷабов Раҷабалӣ-вакили ҳавзаи интихоботии № 66 мебошад;

IIКомиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Вализода  Абдуқодир-вакили ҳавзаи интихоботии № 50 мебошад;

III. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, иборат аз 12 вакил буда, раиси Комиссия Ҳакимзода Қурбон–вакили ҳавзаи интихоботии  №49 мебошад;

IV. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Баҳодурзода Абдуҷабор-вакили ҳавзаи  интихоботии № 54 мебошад;

V. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Хидирзода Махфират-вакили ҳавзаи интихоботии № 62 мебошад;

VI. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон, иборат аз 12 вакил буда, раиси Комиссия Самизода Санавбар-вакили ҳавзаи интихоботии № 11 мебошад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ дар доираи ваколати Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои муваққатӣ ташкил карда мешаванд.

Ҳайат, вазифаҳо, ваколат, мӯҳлати фаъолият ва ҳуқуқҳои комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми таъсис додани онҳо муқаррар менамояд.

“Инсони оқилро андеша бояд !”

Имрӯз вақте, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мекунӣ хабарҳое ба чашм мерасад, ки касро дар ҳайрат мегузорад. Аз он ҷумла фавти Шейхов Абдулло Маҳмадаминович дар шаҳри Дортмунти Олмон, ки умри на чандон тўлоние яъне ҳамагӣ 46 сол умр доштааст. Ин ҳам яке аз ҳамон ҷавононе ҳаст, ки дар доми фиреби ТЭТ ҲНИ афтида дур аз ватан дар ғарибӣ умр ба сар мебурд.

Волоияти қонун-кафили зиндагии осоишта

Истиқлолият ва озодӣ бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмати худододист, ки барои ҳар як миллат ва шаҳрванди ватандўсту ватанпарвар азизу муқаддас аст. Мардуми тоҷик аз дер боз орзуи ба истиқлол расиданро мекард. Ба хотири соҳибватану мустақил шудан ва расидан ба истиқлол фарзандони фарзонаи миллат саҳми шоиста гузоштаанд, ки таърих ҳаргиз номи неки онҳоро фаромўш нахоҳад кард.

МУРОҶИАТНОМАИ Ҷавонони вилояти Суғд ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Мо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои муғризонаи гурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед.

НАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ ПАРЧАМ АСТ…

 

Суҳбати ҷолибе доштем бо шахси соҳибмаърифат ва озодандеша, шаҳрванди Канада ҷаноби Парвизи Шаҳчароғӣ, дар мавриди сиёсат ва дин, пайдоиши решаҳои ифротгароӣ ва раҳ ёфтани андешаҳои таасубӣ ба зеҳни мардум, ки манзури хонандагони ҳафтанома мегардонем.

ДЛЯ НИХ ХИДЖАБ ПРИРАВНИВАЕТСЯ К ФЛАГУ

 

Представляем вниманию читателей интересный диалог с высокообразованным и свободомыслящим человеком, гражданином Канады Парвизом Шабчароги о политике и религии, появлении корней экстремизма и проникновении фанатических идей в мысли людей.

Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео)

10 сентябри моҳи равон дар шаҳри Варшава нишасти САҲА оғоз гардид,ки дар он Абдураҳим Каримов, мутахаллис бо “Мулло Абдураҳим”, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҳузур дошт. Дар зер мусоҳибаи хабарнигори “Тоҷикистон”-ро бо ӯ мутолиа намоед

 

— Шумо дирӯз аз сафари Варшава баргаштед.Бигӯед,ки ҳадаф азин сафар чӣ буд?

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.