ХУН СУПОР ВА ҲАЁТИ ИНСОНЕРО НАҶОТ ДЕҲ! Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил мешавад

  Ҳамасола 14 июн Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад. (Донор калимаи юнонӣ буда, маънояш туҳфа ё инъом аст). Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ Карл Ландштейнер — барандаи мукофоти нобелӣ интихоб шудааст, ки аввалин маротиба гурӯҳи хунро муайян намудааст. Шурӯъ аз соли 2005 ин сана чун Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад ва мақсад аз он ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорҳо мебошад.

  Имрӯз рушди тибби муосир, ҷарроҳиҳои вазнини пайвандсозии узвҳо ва системаи рагҳо, кумаки таъхирнопазири акушерӣ ва таҷрибаи педиатрияро бе истифодаи самараноки ҷузъҳои хуни донорӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

  Дар Тоҷикистон низ ҳар сол бахшида ба ин рӯз тадбирҳои гуногун баргузор мегарданд. Муҳимтарин барнома-баргузории нуқтаҳои сайёри хунгузаронӣ дар саросари кишвар аст, ки дар ин рӯз ташкил карда мешавад ва сокинони ҷумҳурӣ таҳти шиорҳои «Хун супор ва ҳаётеро наҷот деҳ», «Хуни ту ҳаёти касеро наҷот мебахшад» ба марказҳои қабул омада, хун месупоранд. Солҳои қаблӣ нафарони зиёде дар чунин чорабиниҳо иштирок карда, хун супоридаанд, ки ба андешаи мутахассисон, он барои наҷоти садҳо нафар кумак кардааст. Танҳо соли гузашта дар ин рӯз қариб 3 ҳазор нафар ба марказҳои зикршуда омада, бе подош хун супоридаанд. Аз чумла дар вилояти Хатлон танҳо дар соли 2017 сол зиёда аз 4-5 тонна хун супоридаанд.  Имруз сафи донорон, ки хун месупоранд дар вилояти Хатлон зиёда аз 11000 нафар мебошанд, ки хун месупоранд.

  «Хунсупорӣ фоидаовар аст. Бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Аз ҳама муҳим, ҳаёти касеро наҷот медиҳад»,-  мегӯяд  Директори  филиали Муассисаи давлатии «Маркази Чумхуриявии илимии хун» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Мадумаров Лутфулло

 Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии илимии хун» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  аз рӯйи меъёрҳои муайяннамудаи Маркази ҷумҳурияви ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар сокини ҷумҳурӣ аз ташхисҳои муайяншуда гузашта, баъдан хун месупоранд. Раванди хунсупорӣ ва хунгузаронӣ хеле ҳассос ба ҳисоб меравад, дар марказҳои зикршуда ин нуқтаро дуруст дарк мекунанд ва барои орӣ аз ҳар намуди хавф будани он тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

  «Доноре, ки хун месупорад, қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузарад, гурӯҳи хун муайян карда мешавад, ташхиси гемоглобин гузаронида Тарғибу ташвиқи самаранок ва фаъолияти ҳирфаии кормандони Маркази мазкур боис шудааст, ки имрӯз сокинони кишвар, махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият барои адои қарзи инсонии худ ба хунсупорӣ мераванд.

  Донори хун будан ё хун супоридан дар аксари кишварҳо ба одат табдил ёфтааст. Аз ҷумла, дар Япония он ҷузъе аз фарҳанги кишвар дониста мешавад. Чанд соли охир дар Тоҷикистон ҳам раванди афзоишёбии хунсупорандагон мушоҳида мешавад. Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 100 нафар унвони «Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон»ро соҳибанд. Аз вилояти Хатлон имрӯз 20 нафар унвони «Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон»ро соҳибанд.

  Тибқи Қонуни ҶТ «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд, то «Донори фахрӣ» шаванд. Унвони мазкур ба соҳибони он баъзе имтиёзҳо медиҳад, аз ҷумла, ба нафақа 10 дарсад зам намуда, ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ ва истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббиро фароҳам меорад.

  Имсол ҳам ниҳодҳои зертобеи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар саросари кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун маъракаи хунсупорӣ доир менамоянд. Интизор меравад, ки дар он сокинони зиёд иштирок намоянд. Ҳамчунин мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки иштироки шахсони машҳур ва обрӯманд дар маъракаҳои хунсупорӣ метавонад боиси таваҷҷуҳи бештари мардум ба ин кори хайру савоб гардад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.