Курси омӯзишии “Духтарони сарвар ҷамъбаст гардид

 Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон  аз 16 майи соли 2017, № 106 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022» ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016 -2020» дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят курси омӯзишии «Духтарони сарвар»-ро аз соли 2017 таъсис додааст.

 Дар соли 2017-ум 172 нафар донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара барои бо муваффақият хатм намудани курси мазкур онҳо бо гувоҳнома сарфароз гардонида шуданд.

 Илова бар ин, дар соли 2018 аз 6 апрели соли равон курси омӯзишии «Духтарони сарвар» бо теъдоди 125 нафар донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара оғоз гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар Донишгоҳҳои давлатии болозикр доир гардид.

 Рӯзи 11 июни  соли равон курси омӯзишии “Духтарони сарвар” дар толори Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, толори Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ курси омӯзишии “Духтарони сарвар” ҷамъбаст гардида, барои иштироки фаъолона ва бо муаваффаќият хатм намудани курси мазкур Сертификат аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Хидирзода Махфират Умар  супорида шуд. Духтарон ба захираи кадрӣ гирифта шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.