Activities calendar

03 Январ 2018

 МАВЗЕИ САЙЁД ЗЕБОВУ   ДИЛКАШ ВА ДИДАНИБОБ  МЕГАРДАД

    Соли 2008 бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара дар ҳудуди 432 гектар ҷангал бунёд карда шуд, ки аз ин иқдоми нек табиати мавзеи мазкур ба худ ҳусни  зебову дилкаш  ва диданибоб гирифтааст.Танҳо дар соли тозасипарии 2017 дар мавзеи мазкур ба  андозаи 7029 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуд.

ДАР НАВОҲИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ МАЪРАКАИ  НИҲОЛШИНОНӢ ОҒОЗ ГАРДИД

    Дар навоҳии минтақаи Кӯлоб, ба хусус ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик ва Данғара   маъракаи ниҳолшинонӣ муташаккилона оғоз ёфт. Айни ҳол аз ҳисоби ноҳияҳои номбурда дар ҳаҷми беш аз 30 гектар  ниҳолҳои гуногун шинонида шудааст. Боғдорон талош мекунанд, ки  ниҳолҳои дастрас кардаи онҳо босифат ва соҳиби сертфикат бошанд, то ки дар оянда пурсамару манфиатовар гарданд.

ДАР ДАНҒАРА МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА АФЗОИШ ЁФТ

      Дар ноҳияи Данғара майдони кишти картошка сол аз сол афзоиш меёбад. Алҳол дар майдони 320 гектар кишти тирамоҳии картошка гузаронида шудааст, ки ин нишондод дар нисбати соли гузашта 70 гектар зиёд аст. Ноҳияи Данғара дар минтақаи Кӯлоб аз ҷумлаи нахустинҳо шуда, иҷрои нақшаи ин зироати серталабро барзиёд иҷро намуд.  

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11