Август 2018

Балхӣ. Аксия бо усули «Хона ба хона»

Дар давоми ҳафта дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ аз тарафи волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон аксия ва ҳамзамон бо усули «Деҳа ба деҳа», «Хона ба хона» гузаронида шуд, ки дар аксияи мазкур беш аз 900 адад маводи иттилоотӣ оид ба пешгирии терроризм ва бемории хатарноки СПИД тақсим карда шуд.

Машварати августии омузгорони мактабҳои  санъат доир гаридид

 Дар мактаби санъат ва мусиқии бачагонаи шаҳри Бохтар  машварати августии омӯзгорони мактабҳои санъат ва мусиқии бачагонаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон доир гардид.

Омодагиҳо ба Рӯзи Истиқлолият дар Хатлон

 Тазаккур бояд дод, ки Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.

Конференсияи илмӣ таҳти унвони «Занон ва Истиқлолият»

 Бо иқдоми Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзи 30 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Занон ва Истиқлолият» баргузор гардид.

Кӯлоб. Коргоҳҳои нав ба кор шурӯъ карданд

  Дар натиҷаи чораҳои андешида аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рушди соҳаи саноат таъмин гарида, дар нимсолаи соли равон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 8 коргоҳи истеҳсолӣ бо 46 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла 2 коргоҳи дузандагӣ , 4 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва коргоҳи қаннодӣ .

Левакант. Ҷавонон Истиқлолиятро бо дастовардҳои нек пешвоз мегиранд

  Рӯзи 29 август бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №2 бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои ҷавонон» конференсия баргузор гардид, ки дар кори наздики 200 нафар ҷавонон аз соҳаи тандурустӣ, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр ҳузур доштанд.

КУМАК БА ХОНАНДАГОНИ НИЁЗМАНД

 Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Бохтар кумакҳои хайриявӣ расонида шуд.

Ҳамадонӣ. Баргузории мизи мудаввар

  Рӯзи 29.08.2018 тибқи нақшаи тасдиқ намудаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия мизи мудаввар дар мавзўи «Самти меҳнат дар ташкилот, муассиса ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ» бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқҳои касаба, муҳосибон, сардорони шуъбаҳои кадр ва соҳибкорон баргузор гардид.

Кӯлоб. Кӯшишу талош баҳри ободӣ

 Аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарияти ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб низ дар баробари дигар ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб бо азму талошҳои пайваста ҷиҳати истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият талош варзида истодаанд.

Ҳамадонӣ. Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият

  Рӯзи 27 августи соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии гарвидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва даст задан ба ҷиноят дар ноҳия вохӯрии гурӯҳи кории Академияи ВКД ҶТ дар ҳайати Сафаров Ҳаётҷон полковники милитсия, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, Самиев Бахтиёр майори милитсия, муаллими калон, Одиназо

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.