Июл 2018

Амали разилонаро маҳкум мекунем

 Санаи 31-июл дар толори хониши оммави бо иштироки китобдорон ва хонандагон мизи мудавар дар мавзӯи «Амали разилонаро маҳкум мекунем» баргузор карда шуд.  Дар суҳбат муовини роҳбари китобхона Қ.Раҷабова  изҳороти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба сӯиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣро, ки дар сомонаи /АМИТ «Ховар»/ нашр шудааст ба ҳозирин қироат  ва таъкид намуд, ки  мо кулли ҳамдиёрон дар навбати аввал ҷавонон, аҳли зиёи вилоят, ва аъзоёни

Вокуниши аҳли зиёи вилояти Хатлон ба ҳодисаи нангини куштори сайёҳон рӯзи 29.07.2018

 Мо, аҳли зиёи вилояти Хатлон, амали нангине, ки  нисбати сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал оварда шуд, сахт дар изтироб буда, онро қотеъона маҳкум менамоем.

Кӯшониён. То 30- солагии Истиқлолият беш аз 100 иншоот ба истифода дода мешавад 

Баҳри ҷалби соҳибкорони ватани ба ободу ободкорӣ ва саҳми беандозаи худашонро гузоштан барои пешрафти кишвари азизамон, таҳти роҳбарии раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон Идигул Қосимзода вохӯрии судманд бо соҳибкорон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони як қатор ташкилотҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Ҳамадонӣ. Сарчинкунӣ омили фаровонҳосилии пахта

 Дар парвариши пахта омили асосии фаровонҳосилӣ ин интихоби тухмии хушсифат, коркарди саривақтии байни қаторҳои пахта дар асоси қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи доруҳои минералӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида , таъмини намӣ, нармӣ ва гармӣ дар дараҷаи меъёр мебошанд.

Ҷалби наврасон ба лагерҳои истироҳати

 Дар 34-муассисаҳои таълимӣ ва 8-муассисаи томактабӣ ноҳия басти сеюми лагерҳои таълимӣ фароғатӣ ва варзишӣ истироҳатӣ бо ҷалби 1835-нафар кӯдакон, дар таътили тобистона  ба машғулиятҳо фаро гирифта шуданд.

 

 

БОХТАР. ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛИҲО

 Рӯзи 28.07.2018  Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз тарафи раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Ҷаласаи шурои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм

 Рӯзи 28-июли соли 2018 дар ноҳияи Муъминобод ҷаласаи сайёри Шурои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарама Хидирзода Махфират, раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори вилояти баргузор гардид.

Левакант. 30%-и либосҳои мактабӣ омода шуд

 Коргоҳи дӯзандагии назди ҶДММ «Субҳи Сарбанд», сехҳои дӯзандагии «Мадина». «Мунис», «Ҳалима» ва маркази адрасбофии «Шоҳзамон»-и шаҳри Левакант бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дӯхти сару либосҳои мактабӣ 6637 адад шартнома баста, либосҳои мактабиро дар ҳудуди шаҳр дӯхта истодаанд.

Ҳамадонӣ. 58 нафар бо кор таъмин гардид

 Бо мақсади мусоидат ба дарёфти ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони бекор ва тақвияти робитаҳои корӣ байни кордиҳандагон ва бекорон давоми сол 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.

Носири Хусрав: ММД - 101,2 миллион сомонӣ

 Ҳаҷми маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилии Носири Хусрав дар шаш моҳи соли равон 101 миллиону 264,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.