Субҳи имрӯз, 7 декабр, сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷайҳун, чун анъана, аз аёдати собиқадорони меҳнат оғоз гардид.
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, бо мақсади рушди чакандӯзӣ дар вилоят "Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021" таҳия ва қабул гардидааст.
Соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 маротиба ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд. Ба шарофати ташрифи Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳо даҳҳо иншоот бунёд гардид, ки худи Роҳбари давлат дар маросими ифтитоҳи аксари ин иншоотҳо ширкат варзиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабр дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум Паёми навбатии худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд.
Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад, ки шояд нерӯҳои амниятии Эрон аснои таъқиби эътирозҳои ахири ин кишвар дар робита бо болоравии нархи бензин, то як ҳазор нафарро ба қатл расондаанд. Рӯзи 5-уми декабр дар ин бора намояндаи хоси ИМА дар умури Эрон Брайан Ҳук ба хабарнигорон маълумот дод.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти унвони «Шӯриши Восеъ» хатсайри нави сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Pages
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.